Референдум, мы и будущее Таджикистана (русӣ/тоҷикӣ)

Бухарский Эмират
Бухарский Эмират. Иллюстрация: runivers.ru

Два года назад, когда я опубликовал на сайте «Кимиёи саодат» воспоминания последнего бухарского эмира из мангитской династии – Амира Алимхана, одну из частей воспоминаний я выставил в Фейсбуке. Я жестко критиковал мангитских правителей, которые около 160 лет правили нашей страной, и вы не сможете среди этих правителей найти хотя бы одного достойного. Один из моих друзей под моей публикацией спросил, были ли среди нашего народа в течении этих 160-ти лет представители интеллигенции, которые выражали несогласие с проводимой политикой эмира и просветительской деятельностью пробуждали народ?! Он написал, что интеллигенция того времени не испытывала ответственность и была безразлична к судьбе своей страны. Они понимали, что безответственные правители, проводя ошибочную политику, становятся причиной отсталости страны, страданий и унижений народа, но ничего не делали для изменения ситуации!


Наш друг был абсолютно прав. То, что он говорил, что Бухарский Эмират того времени был отсталой страной, конечно же он прав, если сравнить с другими странами того времени.


И, конечно же, его «ненависть» по отношению к интеллигенции времён Бухарского Эмирата можно понять.


В конце концов, если и есть сила, способствующая положительным изменениям в стране, то это интеллигенция, которая путём приношения себя в жертву, отказа от всех благ может изменить общество, иначе общество не то что бы 160 лет, но и тысячелетия может не претерпевать изменений.


Уверен, многие из нас думают так же об интеллигенции времён правления династии мангитов, которая правила 160 лет, и даже раньше, до правления Саманидов. Мы осуждаем их бездействие и безразличие к судьбе страны и можем сказать: если бы они хоть что-то сделали, возможно, сегодня наша жизнь была бы другой!


* * *


Теперь, возвращаясь в наши времена, возникает вопрос: в чём разница между сегодняшним положением нашей страны и поведением нашей интеллигенции со временем правления мангитской династии?


Если наша страна (т.е. Бухара) времён мангитов (во всяком случае, к концу правления этой династии) была отсталой по отношению ко многим другим странам, то и сегодня Таджикистан по сравнению с другими странами, даже с соседними, отстаёт по всем направлениям. Хотя, Бухарский Эмират по сравнению со своими соседями, например, Кокандским и Хорезмским ханствами, был даже более развит.


Если большинство правителей мангитской династии были авторитарными, безынициативными правителями, любили развлечения, и в наше время президент Таджикистана в авторитаризме и аналогичных эмирам качествах если не превзошел их, то, как минимум не отстаёт от них.


С учётом этого, разве современная интеллигенция, которая недовольна, своей молчаливостью, трусостью и безответственностью отличается от знати времён 160 летнего правления мангитов? Какие серьёзные шаги предприняла сегодня наша интеллигенция, когда видно, что мы находимся в худшем положении, чем во времена правления династии мангитов? 22 мая в нашей стране проводится референдум о «внесении изменений в Конституцию Республики Таджикистан». И теперь всем стало понятно, что целью этого референдума является попытка узаконить авторитаризм, диктаторский режим и единовластие действующего президента Эмомали Рахмона и его семьи – для того, чтобы вечно править Таджикистаном.


Что предприняла наша интеллигенция для предотвращения этой трагедии для страны и народа? Кто-нибудь из них попытался возразить ему, попытался остановить это позорное шоу?!


Тогда, может быть, причина того, что интеллигенция времён мангитской династии молчала и бездействовала, была та же, что мы видим сегодня?


Выходит, они так же считали, что в случае, если возразят эмиру, обязательно последует наказание, поэтому молчали в надежде на то, что с неба спустится ангел и решит все проблемы за них, изменит положение в стране.


Но, несмотря на это, мы их осуждаем, и имеем на это полное право. Ведь они должны были проявить инициативу, постараться изменить ситуацию и на этом пути выдержать давление и страдания. Их поведение непростительно, так же как непростительно наше молчание и бездействие сегодня. Как такое возможно, чтобы вы боролись против зла и не пострадали на этом пути?!


Поэтому сегодня наша интеллигенция должна проявить смелость, терпя давление и страдая, смело выражать свою позицию и сказать: мы не согласны с этим референдумом. В противном случае им остается ждать, когда следующие поколения (например, если через 160 лет династию Рахмона свергнет другая «красная армия») будут осуждать и ненавидеть их за молчание и бездействие, как мы сегодня осуждаем интеллигенцию времён правления династии тюрков-мангитов.


Свободомыслящий человек должен не просто сидеть дома и, например, игнорировать голосование, он должен смело выражать свою позицию, своё несогласие, объявить и донести до граждан свой протест с помощью СМИ и современных медиа.


Сайидюнуси Истаравшани


Референдум, мо ва ояндаи Тоҷикистон


Ду се сол пеш, замоне ки хотираҳои Амир Олимхон, охирин амири Бухоро аз сулолаи манғитро дар сойтиКимиёи саодат мунташир мекардам, ёдам ҳаст, яке аз дӯстони маҷозиамон — ки аз қазо донишманд ҳам ҳаст — дар ҳошияи яке аз қисматҳои он хотираҳо, ки дар Фейсбук мегузоштам, дар изҳори назаре, бо интиқоди шадид аз умарои сулолаи манғит (ки наздик ба 160 сол дар сарзамини мо ҳукумат кардаанд ва шумо дар миёни онҳо ҳатто як одами дурусту ҳисобӣ пайдо намекунед), навишта буд, оё дар ин муддат (160 сол) нухбагоне дар миёни мардум набуданд, ки дар баробари ин умарои беъурза ва ситамгар биистанд ва дар байни мардум ба кори равшангарӣ бипардозанд?! Ӯ навишта буд, нухбаҳои он даврон чӣ одамони бетафовут ва ғайри масъуле будаанд, ки бо ин ки медиданд, ин ҳокимони беъурза бо сиёсатҳои пуриштибоҳи худ боиси ақибмондагии сарзамини мо ва мояи зиллат ва сарафкандагии миллат мешаванд, аммо ҳеч коре намекарданд!


Ин дидгоҳ аз дӯстамон, дидгоҳе комилан дуруст буд. Албатта, инки мегуфт, Бухоро дар он замон як кишвари ақибмонда будааст, дар муқоиса бо соири кишварҳои он даврон ақибмонда буда, на дар муқоиса бо ин замон. Ва «нафрин»-и ӯ аз нухбаҳои он даврон, ки ҳеч таҳарруке аз худ нишон намедоданд низ қобили фаҳм аст. Билохира, ин нухбаҳои ҷомеа ҳастанд, ки агар қарор бошад тағйире дар ҷомеа сурат бигирад, бо кӯшишу талоши онҳо ва аз худ гузаштагӣ ва ҷонфишониҳои онҳо тағйир сурат мегирад, вагарна ҷомеа на танҳо 160 сол, ки 1000 сол ҳам рокид ва исто хоҳад монд.


Тардиде надорам, ки имрӯза, назари бештари мо дар бораи нухбаҳои даврони ҳукумати 160-солаи манғит (ва ҳатто пеш аз он то ба даврони Сомониён) ҳамин аст ва ҳамаамон аз бетафовутии онҳо ранҷ мебарем ва бо забони ҳол (на забони қол) шояд «нафрин»-ашон ҳам бикунем ва пеши худамон бигӯем: агар онҳо коре мекарданд, чи басо имрӯз вазъи мо ин гуна набуд!


* * *


Ҳол, имрӯз ва дар шароите, ки ба сар мебарем, суоли матраҳ ин аст, ки: оё вазъи сарзамини мо ва нухбаҳои мо, аз вазъи сарзаминамон ва нухбаҳоямон дар даврони ҳукумати манғит тафовуте дорад?


Агар кишвари мо (Бухоро) дар даврони манғит (лоақал дар охирҳои ҳукумати ин сулола), дар муқоиса бо соири кишварҳо ақибмонда будааст, имрӯз низ кишвари мо (Тоҷикистон) дар муқоиса бо дигар кишварҳо, ҳатто кишварҳои ҳамсоя, аз ҳамаи ҷиҳот ақибмонда аст. Тоза, Аморати Бухоро лоақал аз кишварҳои ҳамсояаш (мисли хонигарии Ҳӯқанд ва Хоразм) як қадре пешрафтатар ҳам буд.


Агар умарои сулолаи манғит бештарашон одамоне айёш ва худкома ва беъурза буданд, ҳокими кунунии мо низ дар айёшӣ, худкомагӣ ва беъурзагӣ, агар нагӯем бештар аз умарои манғит аст, лоақал камтар аз онҳо нест.


Бо ин ҳисоб, нухбаҳои имрӯз – ки аз сукут ва бетафовутии доноёни даврони 160-солаи ҳукумати манғит меранҷанд ва аҳёнан онҳоро нафрин мекунанд – оё худашон вазъе беҳтар аз онҳо доранд? Имрӯз нухбаҳои мо (бештарашон албатта, на ҳамаи онҳо), бо ин ки мебинанд, вазъе бадтар аз вазъи даврони ҳукумати манғит домангири кишвар ва ҷомеаи мо шудааст, оё таҳарруке ҷиддӣ барои тағйири ин вазъ аз худ нишон медиҳанд?


Фардо (22 май) қарор аст дар кишварамон ҳамапурсӣ (референдум) дар бораи «ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шавад. Ва барои касе ҳам дигар пӯшида нест, ки ҳадаф аз иҷрои ин ҳамапурсӣ, қонунӣ гардонидани худкомагӣ, диктотурӣ ва яккатозии президенти феълӣ Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводааш ва бақои онҳо дар қудрат дар Тоҷикистон аст.


Нухбаҳои мо дар баробари ин рухдод ва ин фоҷеа, чӣ кор карданд? Оё аҳаде аз онон баланд шуд ва хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки даст бардорад аз ин масхарабозиҳо?!


Шояд бигӯед, кучактарин ҳаракат аз онҳо дар ин замина, бо вокунише бисёр сахт ва бераҳмона аз сӯйи ҳукумат рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва гуфтанаш саҳлу осон аст. Хуб, агар ин рост аст (ва бе шак рост ҳам ҳаст), пас оё иллати сукут ва бетафовутӣ ва адами таҳарруки нухбаҳои тоҷик дар даврони ҳукумати манғит низ ҳамин набудааст? Шояд онҳо низ пеши худашон мегуфтанд, ки агар алайҳи «Амир» ҳарфе бизанам ва таҳарруке бикунам, ҳамон лаҳза ё шаллоқ мехӯрам ва ё роҳии зиндонам мекунанд, пас, беҳтар аст сукут бикунам ва мунтазир бимонам, то фариштае аз осмон нозил шавад ва вазъро дигаргун созад.


Вале, бо ин вуҷуд, мо онҳоро маҳкум мекунем – ва ҳақ ҳам дорем, ки маҳкумашон намоем – зеро бояд ҳар сахтиеро таҳаммул мекарданд ва барои тағйири вазъ иқдом менамуданд. Ҳеч узре аз онҳо пазируфта нест; камо ин ки имрӯз ҳам ҳеч узре аз мо пазируфта нест. Магар мешавад, шумо алайҳи як ситамгар мавзеъ бигиред ва ҳеч газанде ба шумо аз сӯйи вай нарасад?!


Бинобар ин, имрӯз нухбаҳои мо ё бояд шуҷоат ба харҷ диҳанд ва бо таҳаммули ҳар навъ сахтӣ, ҷасурона мавзеъ бигиранд ва садо баланд кунанд ва бигӯянд: мо бо ин ҳамапурсӣ (референдум) мувофиқ нестем, ва ё он ки мунтазир бошанд, то насли оянда (масалан баъд аз 160 сол агар сулолаи Раҳмон ба дасти «артиши сурх»-и бегонае сарнагун шавад) нафринамон кунанд, ки чаро сукут кардем ва бетафовут мондем. Дуруст мисли назари мо дар имрӯз дар бораи сукут ва бетафовутии нухбаҳои гузашта.


Аз як нухба танҳо ин мавзеъгирӣ кофӣ нест, ки масалан ширкат накунад ва рӯзи ҳамапурсӣ дар манзилаш нишинад, балки ӯ бояд мавзеъ бигирад ва аз тариқи расонаҳо эътирози худро бирасонад ва эълом кунад.


Сайидюнуси Истаравшанӣ

Оставьте первый отзыв

Оставить отзыв

Your email address will not be published.


*